Дар Стратегияи миллии рушди истеҳсол, коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ, ки то соли 2040 пешбинӣ шудааст, вазифа гузошта шудааст, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ саривақт бо тухмиҳои хушсифати пахта таъмин шаванд.

Барои рушди соҳаи тухмипарварӣ давоми солҳои 2021-2025 ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 20 млн сомонӣ ҷудо мекунад.

Заминаи ашёи хоми саноати нассоҷӣ

Дар Тоҷикистон ба рушди саноати бофандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Агар пештар ҷумҳурӣ ба кишварҳои хориҷӣ нахи пахтаро бо нархҳои паст фурӯхта, маснуоти дӯзандагиро бо нархҳои баланд харидорӣ мекард, ҳоло мустақилона ба коркарди пахта ва истеҳсоли матоъ ва либос машғул аст.

Пахта дар Тоҷикистон як зироати афзалиятнок аст, вале барои кишти он дар ҷумҳурӣ замин начандон зиёд аст – ҳар сол барои кишти он 186 ҳазор гектар ҷудо гардида, аз он 400-420 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда мешавад.

Муттахассисон ҳисоб кардаанд, ки дар чунин масоҳат метавон зиёда аз 500 ҳазор тонна ҳосил ба даст овард, аммо барои ин тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ зарур буда, инчунин истифодаи технологияҳои муосир муҳим аст.

Чаро тухмиҳои хушсифати пахта мавҷуд нестанд?

Барои ба даст овардани ҳосили то ним миллион тонна пахта, вобаста ба сифат дар як сол аз 7 ҳазор то 25 ҳазор тонна тухмӣ лозим аст. Ҳоҷагиҳои тухмипарварӣ ҳанӯз наметавонанд ин қадар тухмӣ истеҳсол кунанд. Стратегия ва барномаи амалкунандаи рушди тухмипарварӣ ба ҳалли ин масъала нигаронида шудааст.

Тибқи таҳлили ин Стратегия, айни замон дар Тоҷикистон 90 хоҷагии махсуси тухмипарварӣ мавҷуд аст, ки 60-тои онҳо ба парвариши тухмиҳои пунбадона машғуланд.

Акси марбута аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Масоҳати умумии заминҳои ҳамаи хоҷагиҳои тухмипарварӣ тақрибан 160 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз он тақрибан 40 ҳазор гектар заминҳои обӣ мебошанд.

Аммо хоҷагиҳои тухмипарварӣ ҳамагӣ 16 ҳазор гектар (ҳамагӣ 10%) заминро истифода бурда, боқимонда 90%-и онро ба иҷора медиҳанд. Аксари иҷорагирон ин заминҳоро мувофиқи таъиноташон истифода намебаранд – ба ҷои тухмиҳо зироатҳои дигари кишоварзиро парвариш мекунанд.

Дар натиҷа хоҷагиҳои тухмипарварӣ наметавонанд пурра эҳтиёҷоти хоҷагиҳои истеҳсолиро ба тухмиҳои сертификатсияшуда таъмин кунанд. Баъзе хоҷагиҳо ба ҷои тухмиҳои сифати олӣ (элита) ва репродуктивӣ ҳанӯз ҳам аз тухмиҳои пастсифати шартӣ истифода мебаранд, ки ба кам шудани ҳосилнокии пахта боис мегардад.

Корхонаҳои коркарди пахта ба истеҳсоли тухмиҳои пахта, ки ба талаботи меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯянд, манфиатдор нестанд. Аксар вақт дар раванди коркарди пахта ба омехта шудани тухмиҳои навъҳои гуногун ва осеб расонидан ба онҳо роҳ дода мешавад.

Деҳқонон бо сабаби нашъунамои паст, тухмиҳоро зиёдтар аз меъёр мекоранд – 80-120 кг дар як гектар ба ҷои 20-40 кг. Ин боиси хароҷоти иловагӣ гардида, ба арзиши аслии маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад.

Деҳқонон мехоҳанд чунин навъҳои пахтаро парваранд, ки ҳосилнокиро аз як гектар зиёдтар кунад. Нишондиҳандаҳои асосии он ба нархи фурӯши маҳсулоти тайёр таъсири мусбат мерасонанд.

Мушкилоти тухмипарварон

Хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ки наметавонанд эҳтиёҷоти истеҳсолкунандагонро таъмин кунанд, ба сармоягузорӣ ва дастгирии давлатӣ ниёз доранд.

Дар ҷумҳурӣ барномаи нави рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2021-2025 амал мекунад. Ҳадафи он – таъмин кардани хоҷагиҳои кишвар бо маводи тухмии сертификатсияшуда мебошад, ки ба шароити табиии Тоҷикистон мутобиқ шудааст.

Акси марбута аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Барои ин аллакай фондҳои давлатии тухмӣ таъсис дода шудаанд. Барои санҷидани сифати тухмиҳои воридотӣ ва воситаҳои муҳофизати растаниҳо дар Душанбе, Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Мастчоҳ панҷ нуқтаи назоратии озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и таҳлили сифати тухмӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Аммо ин як тарафи масъала аст. Барои ҳалли мушкилоти соҳа ҳавасманд кардани хоҷагиҳои тухмипарварӣ зарур аст.

Барои ҳалли мушкилот Барнома чораҳои зеринро пешбинӣ мекунад:

1. Кумакпулӣ (субсидия) ба марказҳои селексионӣ-тухмипарварӣ дар ҳаҷми на камтар аз 70 фоизи хароҷот барои хариди таҷҳизот, сохтани озмоишгоҳҳо, гармхонаҳо барои корҳои селексионӣ.

2. Кумакпулӣ ба сохтмони корхонаҳои тухмипарварӣ дар ҳаҷми на камтар аз 50 фоизи хароҷот ё додани қарзҳои имтиёзнок (то 5 фоиз дар сол) барои ин мақсадҳо.

3. Кумакпулӣ ба хариди тухмиҳои сифати ниҳоят олӣ (суперэлита) то 50 фоиз, олӣ – то 30 фоиз ва хариди тухмиҳои репродуктивӣ (R1 ва R2) – аз 10 то 20 фоиз.

Қобили зикр аст, ки ин чораҳо ва маблағгузорӣ натанҳо ба пахта, балки ба ҳама зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавот низ дахл доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.