Таъминоти аҳолӣ бо барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз талаботи сокинону корхонаҳо, ҷараёни об дар дарёи “Вахш” ва муносибати истеъмолкунандагон нисбат ба он вобаст аст. Ин нуктаро Абдулло Қурбонзода, муовини якуми раиси ҶСК “Барқи тоҷик”, имрӯз, 6 август, дар нишасти хабарӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, обанбори “Норак”, ки дар давраи тирамоҳу зимистон манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ дар НБО Норак аст, айни ҳол қариб то ҳадди ниҳоӣ пур шудааст.
“Обанбор дар рӯзҳои наздик пур мешавад”, - гуфт Абдулло Қурбонзода.
Бояд гуфт, ки тақрибан 70 дарсад барқи Тоҷикистон дар НБО Норак истеҳсол мешавад. Ва ин нерӯгоҳ дар дарёи Вахш бунёд гардидааст. Дар ин дарё пас аз НБО Норак, ҳамчунин 6 нерӯгоҳи дигар бо иқтидори камтар бунёд ёфтаанд.
“Фикр мекунам, камбуди нерӯи барқ (дар давраи тирамоҳу зимистон, - муаллиф) ҳанӯз вуҷуд дорад, новобаста аз ҷараёни дарёи Вахш”, - гуфт ӯ.
Нозир Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти “Барқи тоҷик” гуфт, пешгӯии ҷорӣ шудан ё нашудани маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба истеъмолкунандагон дар давраи тирамоҳу зимистони оянда ғайриимкон аст.
Ӯ шарҳ дод, ки обанбори “Норак” ҳар сол то ҳадди ниҳоӣ (910 метр аз сатҳи баҳр) пур мешавад, аммо ҳама чиз аз он вобаста аст, ки зимистон чӣ гуна ҳаво моро интизор аст.
“То вақте, ки мо обанбори “Роғун”-ро аз об пур накунем, норасоии нерӯи барқ эҳсос мешавад. Барои он ки мо ҳоло дар обанбори “Норак” ба қадри як сол об захира мекунем. Ҳар як сантиметри онро барои истеҳсоли барқ истифода мебарем ва вақте ки зимистон хунук омад, мо маҷбур мешавем, обро зиёдтар истифода кунем. Дар ин вақт таҳдиди норасоии барқ пайдо мешавад. Бинобар ин маҷбур мешавем, ки маҳдудият ҷорӣ кунем. Вақте обанбори “Роғун” ба кор даромад он вақт обро барои чанд сол захира мекунем. Он гоҳ дигар аз об танқисӣ намекашем ва он вақт бо боварии комил гуфта метавонем, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ намешавад”,- гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ғайр аз ин, Ёдгорӣ зикр кард, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ талабот ба нерӯи барқ ба ҳисоби миёна 9% зиёд мешавад, аммо истеҳсол дар сатҳи пештара боқӣ мемонад, зеро сохтмони нерӯгоҳҳои нав 10-15 солро талаб мекунад.
Ӯ илова кард, ки дар чунин вазъ, роҳи дурусттаре, ки метавонад камбудии мавсимиро коҳиш диҳад, муносибати эҳтиёткорона ва сарфакорона ба нерӯи барқ мебошад.
Дар солҳои охир дар мавсими тирамоҳу зимистон норасоии нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ шадидтар шудааст. Нерӯи барқ танҳо ба шаҳрҳои нисбатан калон мерасад ва сокинони деҳот онро бо маҳдудият (ҳар рӯз аз 8 то 9 соат) мегиранд.
Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири сентябр - аввали октябр оғоз шуда, то моҳи апрел давом мекунад. Давомнокии маҳдудиятҳо аз шароити хуби обу ҳаво ва афзоиши ҷараёни об дар дарёи Вахш вобаста аст.
Моҳи марти соли гузашта ин мушкилӣ ҷиддитар шуд. Рӯзи 1-уми март якбора дар тамоми кишвар интиқоли нерӯи барқ қатъ шуд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста