Директори Агентии омор сабаби баланд шудани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба зиёд шудани музди маош, бештар гардидани талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва баланд гардидани нархи хӯроки чорво рабт дод. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти гов ва гӯсфанд (вазни зинда) дар шаш моҳи соли 2024 14 дарсад бештар шуда, беш аз 88 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август, зимни нишасти хабарӣ гуфт, давоми шаш моҳи аввали соли 2024 дар кишвар 88 ҳазору 349 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 дарсад бештар аст, аммо афзоиши музди маош сабаби боло рафтани нархи гӯшт гардид.
““Дар кишвар қаҳтии гӯшт нест, дар ҳамаи бозорҳо гӯшт фаровон аст. Танҳо музди маош 40 фисад зиёд шуд, даромаднокии мардум баланд шудааст ва сатҳи харидории онҳо афзудааст. Музди меҳнати миёнаи аҳолӣ 13 дарсад зиёд шуд, баланд шудани музди маош таъсири худро ба баланд шудани нархи гӯшт мерасонад”, ‑ гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Ӯ таъкид кард, ки тибқи тадқиқоти онҳо, дар кишвар чорво зиёд аст.
“Дар хонаи сокинони кишвар камаш 10 чорвои калону майда мавҷуд аст”, - гуфт ӯ.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода роҳи пурра қонеъ кардани талаботи аҳолӣ бо гӯштро бештар кардани фермаҳои чорвопарварӣ ва воридоти зотҳои хуб аз Белорус, Русия ва Қазоқистон номид. Ба қавли ӯ, ҳоло дар кишвар 100 ферма ҳаст.

Пештар аз ин, Нигина Анварӣ муовини вазири кишоварзии кишвар рӯзи 25‑уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар гӯшт содирот ё аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон гӯшт воридот намешавад.
“Мо 99,9 дарсад аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён наомадани нархи он зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа аст”, - иброз дошт Анварӣ.
Масъулини Вазорати кишоварзӣ низ сабаби баланд гардидани нархи гӯштро ба зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва афзоиш ёфтани талаботи онҳо ба гӯшт рабт дода буданд.
Бояд гуфт, ки айни замон нархи як кило гӯшти гов ва гӯсфанд дар шаҳри Душанбе аз 87 то 90 сомониро ташкил медиҳад. Қаблан арзиши як кило гӯшти гов аз 76-78 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд тахминан 80 сомонӣ буд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста