Ҳукумати Тоҷикистон тартиби воридоти имтиёзноки телефонҳои мобилиро ба кишвар бекор кард. Қарор дар ин бора (№ 442) 31-уми июли соли ҷорӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора дирӯз, 7-уми август, дар нишасти матбуотӣ Азим Турсунзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумрук хабар дод.
“Ҳолатҳое буданд, ки кормандони гумрук ба корҳои номатлуб даст зада, ин имтиёзҳоро ҳамчун роҳи саркашӣ аз расмиёти гумрукии телефонҳои мобилӣ истифода кардаанд. Айни замон, нисбати онҳо тафтишот идома дорад”, - гуфт Азим Турсунзода.
Ӯ зикр кард, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №544 аз 2-юми ноябри соли 2007 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон” 31-уми июли соли ҷорӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид. Тибқи он тартиби ба таври имтиёзнок ворид шудани воситаи мобилии алоқаи барқӣ хориҷ карда шуд. Акнун, роҳи дигаре боқӣ намонд ва тамоми дастгоҳҳои мобилӣ тибқи қоидаҳои умумӣ аз расмиёти гумрукӣ бояд гузаронида шаванд.
Қаблан, агар шахсе аз хориҷа барои истифодаи шахсӣ ё туҳфа телефон меовард, метавонист дар гузаргоҳи гумрукӣ эъломияи шакли Т-6-ро пур кунад ва IMEI-и телефон ба таври худкор ба махзани маълумот ворид мешуд. Ҳамчунин, дар гузаргоҳи гумрукӣ шаҳрвандон метавонистанд ҳуҷҷати мазкурро ба WI-FI-и махсус пайвастшуда, онлайн пур кунанд.
Ба гуфтаи муовини раиси Хадамот, аз рӯзи оғози бақайдгирии IMEI-кодҳо ба буҷет беш аз 11 миллион доллар аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ барои телефонҳои мобилӣ ворид шудааст.
“Аз шумораи умумӣ 231 479 телефон бо арзиши гумрукии зиёда 80 миллион доллар бо тартиби имтиёзнок ва комилан ройгон ба расмият дароварда шудаанд. 525 621 дастгоҳ бо арзиши гумрукии 47,7 миллион доллари ИМА бе татбиқи имтиёз ба расмият дароварда шудаанд”, - илова намуд Турсунзода.
Ихтисори рамзи IMEI ҳамчун International mobile equipment identifier хонда мешавад, ки тарҷумааш “Рамзи муайянсозии ягонаи байналмилалӣ” мебошад. Ин рақами силсилавиест, ки аз 15 рақам иборат буда, дар варақаи кафолатии дастгоҳ, зери аккумулятори баъзе дастгоҳҳо, дар қуттии телефон ва ё дигар дастгоҳе, ки SIM-корт қабул мекунад, нишон дода мешавад.
Оғози бақайдгирӣ
Вориднамоии рамзҳои IMEI ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз 1-уми феврали соли 2023 мавриди амал қарор гирифт. То 30 сентябри ҳамон сол коди IMEI телефонҳои дорои сим-корти фаъоли операторони мобилии маҳаллӣ ба таври худкор ба махзани маълумотҳои миллӣ ворид мешуданд.
Бояд гуфт, ки воридкунандагон вазифадоранд тамоми телефонҳои воридшударо аз расмиёти гумрукӣ гузаронида, андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукии онро пардохт намоянд. Пас аз гузаштан аз расмиёти гумрукӣ кодҳои IMEI-и телефонҳо ба пойгоҳи додаҳо ба таври худкор илова мешаванд.
Мафҳумҳои “бақайдгирии дастгоҳи мобилӣ дар низоми давлатӣ” ва “расмиёти гумрукӣ”-ро набояд омехта кард.
Сабти коди IMEI дар низоми давлатӣ ройгон аст. Барасмиятдарории гумрукии мол масъулияти воридкунанда-фурӯшанда мебошад (моддаи 13 Кодекси гумруки ҶТ).
Тоҷироне, ки молро ворид мекунанд, ба фурӯши он бидуни гузаштан аз расмиёти гумрукӣ ҳуқуқ надоранд (моддаи 289 Кодекси ҷиноятии ҶТ ва моддаи 578 КҲМ ҶТ).
Воридкунандагони телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо бояд ҳатман расмиёти гумрукиро анҷом диҳанд, вагарна дастгоҳҳое, ки аз санҷиши гумрукӣ нагузаштаанд, дар шабакаҳои операторони маҳаллӣ кор намекунанд.
Расмиёти гумрукӣ чӣ қадар нарх дорад?
Барои анҷоми расмиёти гумрукии телефон ва планшетҳо пардохти 14% ААИ аз арзиши дастгоҳ (Кодекси андози ҶТ), 10 доллар - боҷи гумрукӣ (Қарори ҳукумат № 472 аз 2 декабри соли 2005) ва 50 сомонӣ - пардохтҳои расмиётӣ зарур аст.
Арзиши дастгоҳҳои мобилӣ дар бозор аз ҷониби Хадамоти гумруки Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Воридкунандагони мол метавонанд худашон эъломияро пур кунанд ё аз хидматрасонии брокерҳо истифода баранд.
Рӯйхати брокероне, ки иҷозатнома доранд, дар сомонаи Хадамоти гумрук нашр шудааст.
Дар дигар кишварҳо чӣ гуна аст?
Дар Ӯзбекистон сабти IMEI-рамзҳо (кодҳо), ки дар шабакаҳои GSM-операторон истифода мешавад, аз 1 апрели соли 2019 оғоз шуд. Сабти IMEI-рамзҳо пас аз пешниҳод ба оператори низоми ордери воридотии гумрукӣ амалӣ мешавад. Арзиши IMEI-рамзҳо дар Ӯзбекистон аз 68 ҳазор (ҳудуди 5,5 доллар) то 85 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (6,8 доллар) нарх дорад.
Дар Туркия сабти IMEI-рамзҳои телефонҳои мобилӣ аз соли 2012 оғоз гардид. Арзиши сабт дар соли 2024 - 31 ҳазор лираи туркӣ (942 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар Озарбойҷон сабти IMEI-рамзҳо соли 2013 оғоз гардида, арзиши сабт аз 30 (17,5 доллар) то 150 манат (88 доллар)-ро ташкил медиҳад.