То охири моҳи сентябр анҷоми корҳои марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар Вазорат зикр карданд, ки айни замон корҳои насби таҷҳизоти ҳавософкун, равшанидиҳанда, низоми оташнишонӣ, ноқилҳо ва низоми бехатарӣ ба охир расидааст.
“Ба наздикӣ насби панелҳои ҷараёни тағйирёбандаи шиддати миёна ва пастро оғоз мекунем. Онро аз Қазоқистон фармоиш додем. Қисмҳояшон ҳозир дар сарҳади Тоҷикистон қарор доранд ва мунтазирем, ки то охири ҳафта ба мо мерасанд”, - гуфтанд дар Вазорат.
Зимнан зикр шуд, ки пас аз анҷоми ин корҳо комиссия таъсис дода шуда, омодагии нақбро барои истифода месанҷад.
Ёдрас мекунем, ба идомаи корҳои сохтмон дар нақби мошингарди “Истиқлол” ширкати эронии “Фароб” машғул аст. Арзиши умумии марҳилаи дуюми лоиҳа 11 млн долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 50% аз буҷети Тоҷикистон ҷудо гардида, қисмати боқимонда аз ҷониби Эрон дар шакли таҷҳизот бар асоси бебозгашт пешниҳод шуд.
Маълумотномаи "Азия-Плюс"
Сохтмони нақби мошингарди “Истиқлол” соли 2003 дар чаҳорчӯби созишномаи дахлдор миёни Тоҷикистону Эрон оғоз гардида буд. Дар аввал ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.
Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор шуд. Лекин аз сабаби хатои лоиҳакашон, аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.
Моҳи апрели соли 2014 корҳои бозсозии нақби “Истиқлол” дубора шурӯъ шуд, вале аз сабаби қатъи маблағгузорӣ он боздошта шуд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ҷиҳати ҷудо кардани 6 млн доллар маблағи иловагӣ (3 млн долларӣ аз ҳарду ҷониб) барои анҷоми сохтмони иншоот ба мувофиқа расиданд.
Лекин сипас соли 2016 муносибатҳо байни кишварҳо ба сардӣ гароида, танҳо соли 2019 бо беҳтар шудани онҳо корҳо аз нав шурӯъ шуданд.
Соли 2021 ҷонибҳо ҷиҳати ҷудо кардани маблағи иловагӣ (5,5 млн доллар аз ҳаоду ҷониб) барои анҷоми сохтмони иншоот ба мувофиқа расида, корҳо аввали моҳи июни ҳамон сол оғоз шуданд.
Нақби “Истиқлол” дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби “Истиқлол” 5,2 километр аст.
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Ҳалокати 17 нафар дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ дар соли равон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кӯдак бар сари новдон”
Башор Асад: "Вақте ки давлат ба дасти террористон меафтад, мансаб маъние надорад"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста