Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” аз ҳисоби фоидаи корхонаҳои давлатӣ боз 40 млн сомонӣ ё тақрибан 3,7 млн доллари ИМА ҷудо кардааст. Дар қарори дахлдори ҳукумат дар ин бора, ки 19-уми июл ба тасвиб расида, дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки қарз аз ҳисоби Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод дода мешавад.
Маблағҳои Фонди стабилизатсионии рушди иқтисод аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пурра мешавад.
“Аз ҳисоби маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 40000000 (чил миллион) сомонӣ барои пурра намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ҷудо намояд”,-омадааст дар қарори мазкур.
Ҳамчунин, НБО “Роғун” вазифадор шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод кунад.
Дар нимсолаи равон ин бори чаҳорум аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди муътадилсозӣ ё стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод барои идомаи сохтмон НБО “Роғун” маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад. Дар маҷмуъ, дар ин давра беш аз 277 млн сомонӣ аз ҳисоби ин фонд барои сохтмони ин неругоҳ ҷудо шудааст.
Бори аввал, моҳи феврали соли равон, ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони ба НБО “Роғун” 100 млн сомонӣ (беш аз 9,1 млн доллар), моҳи апрели соли равон 60 млн сомонӣ (зиёда аз 5,5 млн доллар) ва моҳи июл 77,5 млн сомонӣ (ҳудуди 7,3 млн доллар) равона карда шудааст.
Маблағҳои Фонди стабилизатсионии рушди иқтисод аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пурра мешавад. Дар буҷети давлатии соли 2024 муқаррар шудааст, ки ба Фонд 25% чунин маблағҳо равона карда мешаванд.
Маблағҳои ин Фонд одатан барои рушди соҳаи сӯзишворӣ ва энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини саривақтии хидматрасонии қарзи давлатии хориҷӣ равона карда мешаванд.
Бар иловаи маблағҳои иловагие, ки аз фонди муътадилсозии иқтисодӣ барои идомаи сохтмони неругоҳ дар 8 моҳи равон ҷудо карданд, инчунин, аз буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 2,5 млрд сомонӣ барои сохтмони “Роғун” маблағ ҷудо шудааст.
Арзиши “Роғун” дар 16 сол чӣ гуна тағйир ёфт?
Соли 2008 замони барқарор шудани амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун” нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.
Соли 2016 зимни баргузории тендери байнулмилалӣ оид ба интихоби паймонкори кулл барои сохтмони сарбанд, арзиши иншоот 3,9 млрд доллар эълон шуд.
Соли 2022 Вазорати энергетикаи ҶТ, эълон дошт, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” беш аз 5 млрд доллар зарур аст.
Аввали моҳи феврали соли 2023 Вазорати энергетика хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони ин неругоҳ, тибқи арзёбиҳои ахир, 6,2 млрд доллар лозим аст.
Дар ҳамин ҳол, дар ин давра барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” зиёда аз 40 млрд сомонӣ (ҳудуди 4 млрд доллар) равона шуд, аз ҷумла аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (890 млн сомонӣ), евробондҳо (500 млн доллар) ва боқимонда - аз ҳисоби буҷети давлатӣ.
Зимнан, Оҷонсии байнулмилалии радабандии Standard & Poor's Global Ratings маблағи хароҷот барои анҷоми лоиҳаи НБО “Роғун”-ро то соли 2035-ум 6,4 млрд доллар арзёбӣ кард. Ин радабандӣ бар асоси маълумоти расмие, ки ба Оҷонсӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори кишвар пешниҳод шудааст, таҳия гардидааст.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.
То имрӯз ду чархаи нерӯгоҳ сохта шудааст. Гуфта мешавад, ки чарха ё агрегати сеюми “Роғун” соли 2025 ба истифода дода шавад.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста