Вазоратҳои энергетикаи Русия ва Ӯзбекистон дар бораи ҳамроҳ кардани “Системный оператор”-и Русия ба Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷиҳати идоракунии интиқоли барқ байни кишварҳо ба мувофиқа расиданд. Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора вазири энергетикаи Русия Сергей Сивилёв ба хабарнигорон иттилоъ додааст.
«Рӯзи 9 сентябр ду вазорат бо дархости дастгирӣ намудани қарор изҳороти муштарак пахш карданд. Низоми алоҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, ки ҳанӯз мо ба он дохил нашудаем. Аммо “Системный оператор” бояд ворид шавад, то якҷоя низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказиро идора кунад, зеро мо бо он пайваст ҳастем. Ҷониби Ӯзбекистон инро пурра дастгирӣ мекунад. Дар фурсати наздик мо ин корро анҷом медиҳем», - гуфтааст вазир.
Ӯ шарҳ додааст, ки ин ташаббус натанҳо бо содироти тиҷоратии нерӯи барқ, балки бо идоракунии интиқолҳо байни кишварҳо низ алоқаманд аст, ки ба таври оперативӣ мувозинати низомҳои энергетикиро дар ҳолати камбудӣ, омилҳои табиӣ ва сарбориҳои зиёд таъмин менамояд.
«Агар ногаҳон дар ягон ҷо чизе рух диҳад, мо бояд тавонем бо интиқолҳои зуд эҳтиёҷоти кишварҳоро дастгирӣ намоем, то мувозинат таъмин шавад. Ин барои он муҳим аст, ки мо амнияти низомро дуруст таъмин кунем», - илова кардааст вазири энергетикаи Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов.
Қаблан дар «Интер РАО», оператори ягонаи содироту воридоти нерӯи барқ дар Русия, изҳор дошта буданд, ки имконияти содироти нерӯи барқ ба Ӯзбекистонро баррасӣ доранд. Интиқолҳо метавонанд дар тирамоҳ оғоз шаванд.
Тоҷикистон ба ҳалқаи энергетикӣ баргашт
Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли ҷорӣ Тоҷикистон Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи то соли 2030 маъқул донист. Ин маънои ба Ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баргаштани Тоҷикистонро дорад.
Стратегияи мазкур дар ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои СҲШ дар Остона баррасӣ шуд.
Яке аз бандҳои калидии Стратегия дурнамои рушди иқтидори транзитии захираҳои энергетикӣ ва имконияти диверсификатсияи хатсайрҳои содиротӣ, ташаккули системаи нави энергетикӣ бо ташкили тавозуни афзалиятҳои рушди соҳа мебошад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон муддати тӯлонӣ барои ҳамроҳ шудан ба ин Системаи ягонаи энергетикӣ омодагӣ мегирифт.
Зимни ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа хабар дод, ки корҳои сохтмону ба истифода додани иншооти зарурӣ барои пайвастан ба низом аллакай ба анҷом расидааст.
“Ин ба эътимоднокии низоми энергетикии минтақа тақвият мебахшад”, - изҳор дошта буд вазири энергетикаи Тоҷикистон.
Барои пайваст шудан ба Низом охири соли 2018 Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон маблағи 35 млн доллар грант ҷудо кард. Корҳои мазкур мутобиқи қарордод байни тарафҳо бояд соли 2022 ба охир мерасиданд.
Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ чист?
Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1960), вақте ки ҳамаи кишварҳои минтақа қисми як давлат буданд, таъсис дода шудааст. Система аз ҷониби маркази Ҳамоҳангсозӣ-диспетчерӣ дар Тошканд идора карда мешуд ва имкон медод, ки тағйирёбии мавсимии талабот ба неруи барқ ва талабот ба об дар давраи обёрӣ ба мувозинат оварда шавад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли сарди сол дар обанборҳо об ҷамъ карда, аз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон нерӯи барқ ва захираҳои энергетикӣ (ангишт ва гази табиӣ) мегирифтанд.
Дар мавсими тобистон Тоҷикистону Қирғизистон оби дар зимистон ҷамъшударо ба кишварҳои зикршуда барои обёрии заминҳои кишоварзӣ мефиристоданд. Ҳамчунин дар тобистон Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамсояҳо неруи барқи барзиёд истеҳсолшударо интиқол медоданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ин низоми энергетикӣ якчанд сол боқӣ монда, сипас кишварҳо яке паси дигар онро тарк карданд.
Минбаъд маълум шуд, ки хориҷ шудан аз ҳалқаи ягонаи энергетикӣ барои ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад нест. Ин бо афзоиши доимии истифодаи барқ дар минтақа ва кӯҳнашавии инфрасохтори энергетикӣ вобаста буда, ба давлатҳои ҷудогона имкон намедиҳад, ки бе дастгирии ҳамсояҳо худро бехатар эҳсос кунанд.
Аз ин рӯ, дар соли 2014 кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба кори барқарорсозии ҳалқаи энергетикӣ шурӯъ карданд.
Тобистони соли 2019 ҳатто оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи ислоҳоти энергетикӣ ва таъсиси бозори ягонаи нерӯи барқ эъломияи муштарак имзо шуд. Охири соли 2021 Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба системаи ягонаи энергетикӣ баргардад. Ҳиссаи асосии иқтидори гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд.