Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар доираи ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025", бо чанд ширкати байналмилалӣ 8 созишномаи ба имзо расониданд. Яке аз онҳо бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) аст, ки тибқи он Тоҷикистон ба шабакаи интернети ҷаҳонии моҳворавӣ дастрасӣ пайдо мекунад. 

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин санадҳо ба самтҳои рушди рақамикунии иқтисодиёт, инфрасохтори интернетӣ, технологияи 5G, маорифи рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ рабт доранд.

Акс аз Хадамоти алоқаи ҶТ

Ҳамчунин, миёни Хадамоти алоқа, “Сбербанк”-и Русия ва Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои рақамии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум барои таъсиси мактаби барномасозии “Мактаб 21” (Школа 21) ба имзо расид.

Дар соҳаи алоқаи байнулмилалӣ ширкати “Тоҷиктелеком”, "Pakistan Telecommunication Company Limited" (PTCL) ва "Afghan Wireless Communication Company" (AWCC) дар бораи ворид кардани трафики интернет тавассути Покистон созишномаи тиҷоратӣ ба тасвиб расониданд.

Дар чаҳорчӯби кори форум, байни Хдаамоти алоқаи ва ҳамаи операторони мобилӣ ("Индиго Тоҷикистон", "ТТ Мобайл", "Вавилон М", "Таком" ва "Тоҷиктелеком") доир ба таъсиси консорсиуми миллии 5G Ёддошти тафоҳум имзо шуд.

Ҳамчунин бо ширкатҳои "Eutelsat Group", "Huawei Technologies Tajikistan" ва "ROHDE & SCHWARZ GmbH & Co. KG"-и Олмон бобати ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи моҳвораӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва таъсис Маркази миллии радиомониоринг дар Тоҷикистон ба маблағи 15 млн евро ёддоштҳои тафоҳум ва протоколҳо ба имзо расиданд.

Акс аз Хадамоти алоқаи ҶТ

Байни Хадамоти алоқа ва Вазорати технологияҳои рақамии Ӯзбекистон дар бораи густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахши рақамисозӣ ва инноватсияҳо созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Акс аз Хадамоти алоқаи ҶТ

Имзои ин санадҳо "қадами калидӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои интернетӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои технологӣ миёни Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ" арзёбӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.