Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Бар асари сӯхторе, ки шаби 29 ба 30-уми ноябр дар яке аз анборҳои воқеъ дар кӯчаи Пирогови шаҳри Душанбе ба амал омад, маҳсулоти қолинӣ тақрибан ба маблағи 2 млн. доллари амрикоӣ сӯхта нобуд гардид.
Тавре аз Сарраёсати давлатии хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сӯхтор масоҳати 400 метри мураббаъро фаро гирифта, дар хомӯш кардани он 6 гурӯҳи оташнишонӣ ва 37 нафар кормандони хадамот иштирок кардаанд. «Оташ дар зарфи як соат хомӯш карда шуд ва хушбахтона, талафоти ҷ
онӣ ва ё ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани касе ба қайд гирифта нашудааст», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, феълан сабабҳои сар задани сӯхтор омӯхта мешаванд. «Тамоми маҳсулоти нобудгардида ба тоҷири эронӣ - Муҳаммади Хоксор тааллуқ дошт», - афзуд сарчашма.
Тибқи маълумоти раёсат, ҳафтаи сипаригашта дар ҷумҳурӣ 29 ҳодисаи сӯхтор ба вуқӯъ пайваста, хисороти молии он беш аз 6 млн. сомониро ташкил додааст. Дар аксари маворид ба сар задани сӯхтор шӯхиҳои кӯдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор ва расиши кӯтоҳи ноқилҳо сабаб мешаванд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста