Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон дар наздикии шаҳри Маскав ба ваколатдори муваққатии корҳои Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний нотаи эътирозӣ супурд.
Тавре аз сарчашмаҳои мӯътамад ба ОИ «Азия-Плюс» маълум шуд, дар санад перомуни афзоиши тамоили сӯиқасд ба ҷони муҳоҷирони тоҷик, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, изҳори нигаронӣ карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар нота вазорати умури хориҷӣ таъкид сохтааст, ки ҳодисаҳои мазкур бештар дар заминаҳои ксенофобия, бадбинии нажодӣ ва миллатгароӣ сурат мегиранд. «Дар нота қайд шудааст, ки тамоили таҳаммулнопазирӣ ҳарчи бештар дар шаклҳои бераҳмона зоҳир гашта, унсурҳои ҷинояткор муҳоҷирон ва донишҷӯёнро латукӯб менамоянд, ки дар аксари маврид ҷабрдидагон ба ҳалокат мерасанд», - гуфт манбаъ.
Тибқи маълумоти борҳо интишорнамудаи ВАО-и гуногун, аз оғози соли равон дар қаламрави Русия беш аз 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст, ки беш аз 80 нафари онҳо дар аксари маврид аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгаро бо бераҳмии махсусу ваҳшиёна кушта шудаанд.
«Ҷиноятҳои содирнамуда нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон боиси хашму ғазаб ва вокуниши манфии ин ҷониб шудааст», - зикр кард мусоҳиби ОИ «Азия-Плюс» ва афзуд, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ин падидаҳоро нодида гирифта, дар ошкор сохтани содиркунандагони ҷиноёти мазкур бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир месозанд. Дар нота аз мақомоти Русия даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ошкор сохтани ҷиноёти содиршуда нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешида шавад.
Ёдрас мекунем, ки шоми 6-уми декабри соли ҷорӣ дар наздикии шаҳри Маскав ҷасади сарбуридаи шаҳрванди Тоҷикистон – Салоҳиддин Азизови 20-сола пайдо шуд. Дар таърихи 8-уми декабр дар шабакаи Интернет хабаре паҳн шуд, ки масъулияти ин кушторро гурӯҳи ба ном «Созмони ҳарбии миллатгароёни рус» ба дӯши худ гирифтааст. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ки «ин мӯъҷизаро барои мансабдорони
Маскав русҳое, ки дигар ба ҳузури намояндагони қабилаҳои ғайр дар шаҳрашон сабру тоқат надоранд, тайёр кардаанд».



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста