Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Соати 8-у 41 дақиқаи рӯзи 8-уми март дар манзили истиқоматии шаҳрванд Ҷамолиддин Ҷалолов - сокини кӯчаи Заргари ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати 60 метри мурббаъ сӯхтор ба амал омад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» масъули Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилаи кишвар - Кароматулло Абдуллоев хабар дод, ҳангоми сӯхтор аз дуди ғализ 2 нафар ноболиғон Зулфия Ҷалоловаи 6-сола ва Мӯъминшо Ҷалолови 4-сола ба ҳалокат расиданд. Сабаби сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии асбоби гармидиҳандаи барқӣ будааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти таҳқиқ муайян гардид, ки дар дохили ҳуҷраи хоб пеш аз ба вуқӯъ омадани ҳодиса, модари яке аз кӯдакон Зебӣ Ҷалолова бо се нафар ноболиғон хоб буданд. Ҳангоми ба амал омадани оташсӯзӣ Зебӣ Ҷалолова тавонистааст танҳо Раҷабалӣ Ҷалолови 9-соларо аз ҳудуди ҳуҷраи оташгирифта ба берун барорад. Сӯхтори ба амал омада, бо истифода аз 3 адад автомашинаҳои оташнишонӣ дар соати 9-у 32 дақиқа хомӯш карда шуд.
Абдуллоев ҳамчунин хабар дод, ки қабл аз ин ҳодиса, соати 2-и шаби 7-ум ба 8-уми март дар манзили шаҳрванд Исмоил Сафарови нафақахӯр низ воқеъ дар кӯчаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар натиҷаи бе назорат гузоштани асбоби гармидиҳандаи худсози барқӣ сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он соҳибхона аз дуди ғализ ба ҳалокат расид. Ба иттилои манбаъ, аз аввали сол дар миқёси ҷумҳурӣ, 224 сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа 14 нафар, аз ҷумла 4 ноболиғ ба ҳалокат расиданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста