Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ боз чор тани дигар ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ хабар доданд, шаби 9-уми май дар километри 158-уми роҳи мошингард, дар ағбаи Шаҳристон бар асари сангфароӣ автомашинаи КАМАЗ ба ҷарии чуқуриаш
меравад ва дар натиҷа ронандаву ду нафар мусофири ӯ ба ҳалокат мерасанд. «Ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Панҷакент мебошанд», - гуфт манбаъ.
Тибқи маълумоти манбаъ, рӯзи 9-уми май дар ноҳияи Айнӣ зимни чаронидани чорво аз кӯҳ ярч фаромада, чӯпон – Анвар Нарзиевро зинда ба зинда ба коми худ мекашад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 8-уми май дар ноҳияи Турсунзода бар асари фаромадани сел 3 нафар кӯдаки ноболиғ фавтида буданд.



Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста