Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми рӯзи 27-уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10-уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод. Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ, Х.Бобокалонов «дар ҳолати мастӣ тртиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст». «Бо мақсади муайян намудани шахсият ва ҳолати мастии ӯ, кормандони милиса қарор медиҳанд, ки Х.Бобокалоновро ба шӯъба баранд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар роҳ ба ҳалокат мерасад», - гуфтанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Ба гуфтаи ҳамкорони табиби фавтида, ҳамон рӯз, яъне 27-уми июн Х.Бобокалонов пас аз машқи боди-билдинг дар толори варзишӣ ҳамсабақони солҳои донишҷӯиашро вохӯрда, ба тарабхона дар маркази шаҳр баҳри нӯшидани оби ҷав (пиво) мераванд. Пас аз хайрухуш Х.Бобокалонов ба Хонаи матбуот назди модараш раҳсипор мегардад ва дар роҳ ӯро кормандони милиса боздошт менамоянд. «Тибқи маълумоти ба мо расида, ҳудуди 15 нафар кормандони милиса зӯран мехоҳанд ӯро ба мошини милиса тела диҳанд ва дар роҳ ӯ ба ҳалокат мерасад», - гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз кормандони беморхона.
Ба қавли табибон, Х.Бобокалонов дар соҳаи худ яке аз пизишкони соҳибтаҷриба маҳсуб гардида, бо варзиш сарукор дошт, солим буд ва аз машрубот сӯиистеъмол намекард.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи хешовандони марҳум, дар ҷисми фавтида доғҳои кабуд ба мушоҳида расидаанд. «Натиҷаҳои ташхис имрӯз маълум мешаванд», - гуфт яке аз хешони наздики Х.Бобокалонов.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста