Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар минтақаи шарқи кишвар шомгоҳон якчанд шахсони мусаллаҳ тавассути посгоҳи «Сафедхок», ки дар наздикии пули болои рӯдхонаи Сурхоб воқеъ аст, кӯшиши ба маркази ноҳияи Тавилдара ворид шуданро карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маъмурияти маҳаллӣ иттилоъ дод.
Ба қавли сокинони маҳаллӣ, дар наздикии посгоҳ ҳатто садои тирпарронӣ шунида шудааст. «Афроди номаълум дар панҷ автомашина мехостанд посгоҳро убур созанд, вале ба муқобилияти мусаллаҳона з ҷониби кормандони милиса дучор гардиданд», - гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса, ки аз ифшои номаш худдорӣ варзид. Ба гуфтаи ӯ, якчанд нафар аз ин гурӯҳ захмӣ шуда, пас аз типарронии дуҷонибаи шадид ба онҳо муяссар шуд, ки худро паноҳ гиранд.
Дар ҳамин ҳол, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин иттилоъро на рад месозанду на тасдиқ мекунанд. «Ман алҳол дар ин хусус чизе гуфта наметавонам», - гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори минтақавии ОИ «Азия-Плюс» муовини срдори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Тавидара Исҳоқ Латипов.
Чанде аз соҳибони мошинҳо тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки чанде пештар шомгоҳон каме дуртар аз маҳалли ҳодиса дар наздикии деҳаи Чилдара ҳудуди 40 автомашина, ки ба ВМКБ равона буданд, ҷамъ шуданд. «Роҳ баста шуда буд, вале айни замон роҳ барои ҳаракати нақлиёт боз гардид», - гуфт яке аз ронандагон.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста