Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи иттилои дақиқи расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, собиқ вазири ВҲФ ва МГ ҶТ Мирзо Зиёев чанде пештар дар ноҳияи Тавилдара дар натиҷаи аз ҷониби ҳаммаслакони худ - гурӯҳи ҷиноятпешаи Неъмат Азизов ҳадафи тирпарронии шадид қарор гирифтанаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои манбаъ, баъди ба ҳукуматдорон таслим шудани М.Зиёев, тасмим гирифта шуд, ки ӯро ба Душанбе интиқол медиҳанд, аммо тибқи нишондоди ӯ, зарур омад, дар ҷойи ҳодиса корҳои фаврии тафтишотӣ гузаронида шаванд. «Мирзо Зиёев макони нигаҳдории силоҳи оташфишонро нишон доданӣ шуда, аз ҷонибдорони ҳанӯз дар озодӣ қарордоштаи худ даъват ба амал оварданӣ буд, ки ба ҳукуматдорон таслим шаванд. Ба макони муайяншуда ҳозир гардида, Мирзо Зиёев ҳадафи тирпарронии шадиди ҳаммаслакони худ қарор гирифта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки як зумра кормандони мқомоти қудратии ҷумҳурӣ низ ҷароҳат бардоштанд. «Ҳамин тариқ, ба шаҳри Душанбе танҳо якчанд тарафдорони Мирзо Зиёев оварда шуданд», - афзуд сарчашма.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста