Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар водии Рашт боз задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, чанде пештар каме дуртар аз кӯли Кабуди ноҳияи Нуробод посгоҳи назоратии Гвардияи миллӣ ҳадафаи тирпарронӣ қарор гирифтааст. «Дар задухӯрди мусаллаҳона панҷ сарбози нерӯҳои ҳукумат осеб дида, шаш ҷанговари гурӯҳи ҷиноятпеша ба ҳалокат расидаанд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҳалли задухӯрд 3 автомат, норинҷакҳо ва муҳимоти дигар дарёфт шуданд. «Ҳамаи ҷанговарони ҳалокшудаи гурӯҳи ҷиноятпеша ба миллати маҳаллӣ мансуб нестанд ва зимни азаназаргузаронии шиносномаи яке аз онҳо, маълум шуд, ки ӯ шаҳрванди Русия буда, аз рӯи ному насаб зодаи Қафқоз аст», - афзуд сарчашма.
Айни замон ҷиҳати ҷустуҷӯи аъзои боқимондаи гурӯҳ чораҳо андешида мешаванд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста