Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ба таъсиси Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ 81 сол пур шуд.

            Муовини аввали сардори хадамоти мазкур К.Салоҳиддинов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 518 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳодиса камтар аст.

            Ба гуфтаи К.Салоҳиддинов, яке аз сабабҳои асосии сар задани сӯхтор насби нодурусти симҳо ва дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ буда, зимни сохтмони манзилҳои истиқоматии нав талаботи зарурии меъёрҳо сарфи назар карда мешавад. «Сабаби дигари бештар сар задани ҳодисаҳои сӯхтор – истифодаи нодурусти таҷҳизоти газӣ аст ва қариб 29 дарсади ҳодисаҳои сӯхтор бо ин сабаб рух медиҳанд», - гуфт ӯ.

            К.Салоҳиддинов афзуд, муносибати беэҳтиётона бо оташ (19,5 дарсади ҳодисаҳо) низ дар аксари маврид ба сар задани сӯхтор боис мегардад ва дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ ба иллати бозии кӯдакон бо гӯгирд 51 ҳодисаи сӯхтор (11 дарсад) ба амал омадааст. «Қариб дар 99 дарсади мавридҳо ҳодисаҳои сӯхтор бо айби худи шаҳрвандон рух медиҳанд, зеро онҳо ба рияои талаботи қоидаҳои зарурии бехатарӣ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд», - афзуд ӯ.