Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Борони сели дирӯз дар манотиқи гирду атрофи пойтахт харобиҳои зиёде ба бор овард.

Тавре ба ои «Азия-_Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар деҳаи Шолии ноҳияи Ҳисор бар асари офат 7 манзил хароб гардида, ҳудуди 600 метр роҳи автомобилгард ва заминҳои кишт осеб дидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар деҳаи Шӯрмаккаи ноҳияи Рӯдакӣ бар асари сел 7 километри роҳи мошингард хароб гардидааст. «Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест», - иброз дошт сарчашма.

Ҳамзамон аз сарчашмаи мазкур хабар доданд, ки айни замон дар маҳалли ҳодиса корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ роҳандозӣ мегардад.