Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар шаҳри Уфаи Русия миёни тоҷикону чеченҳо занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайваст.
Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар яке аз бозорҳои хурди яклухтфурӯш нахуст миёни тоҷике, ки шустани гилемчаҳои резинии автомашинаи чеченро рад кардааст, рух дода, бар асари бо туфангчаи ҷароҳатдеҳ ба сӯйи коргари тоҷик тир холӣ намудани зодаи Чеченистон, ӯ аз пойи чапаш ҷароҳат мебардорад.
Бино ба иттилои хабаргузории «Интерфакс», баъди чанд муддате ҳамватанони захмишуда аз ҳодиса огаҳӣ ёфта, ба харобсозии бинои маъмурии бозор пардохтаанд. Рӯзи душанбе мухолифат идома ёфта, ин дафъа миёни тоҷикону чеченҳо занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки баҳри пешгирии он кормандони милиса ва гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) даъват карда шудаанд.
РИА Новости бо нақли шоҳидони ҳодиса менависад, ки гурӯҳи иборат аз 300 нафар, ки бо арматураву санг ва аслиҳаи ҷароҳатдеҳ мусаллаҳ буданд, автомобилҳои назди бозор, бинои маъмурӣ ва нуқтаҳои фурӯшро хароб сохтаанд. Як шоҳиди ҳодиса гуфтааст, ки ҳамчунин дар ин занозанӣ садои тирпарронӣ низ ба гӯш расида, афроди дар роҳи ин издиҳом пешомада бо мушкилие худро канор мегирифтаанд.
Гуфта мешавад, рӯзи душанбе боз ба се нафари ҷароҳатбардошта кӯмаки тиббӣ расонида шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Уфа дар пайи ҷустуҷӯйи саркардагони ин бетартибӣ мебошанд.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста