Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ чаҳор нафар ҳалок ва ронанда ба бемористон бистарӣ шуд .

Садама шабона дар километри 225-уми роҳ, дар қаламрави ҷамоати Пошкенти ноҳияи Истаравшан рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», сокини 44-солаи ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент Қамариддин Хоҷамбердиеви 44-сола аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, автомашина ба мошини боркаши «ЗИЛ»-и дар канори роҳ воқеъбуда бармехӯрад.

Дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса сокини 41-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳуқуқшиноси раёсати «Тоҷиктелеком» Худоёр Шарифов, Мадина Давлатоваи 36-сола, Фотима Шарифоваи 7-сола ва сокини 45-солаи ноҳияи Панҷакент Рустам Муҳиддинов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда ба бемористони марказии шаҳри Истаравшан мунтақил шудааст.

Бино ба маълумоти шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобили вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии вилояти Суғд 190 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2010 – 217 ҳодиса) рух додааст, ки бар асари он 84 нафар ҳалок (соли 2010 – 64 нафар) ва 198 нафар (соли 2010 – 226 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.