Бар асари сӯхтор бозори марказии маркази маъмурии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қариб пурра нобуд гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, сӯхтор шаби 22-юми октябр дар қаламрави бозори марказии шаҳри Хоруғ сар задааст. «Оташ 1 ҳазору 300 метри мураббаъи қаламрави бозорро фаро гирифта, чаҳор ошхона, 18 нуқтаи савдо ва як маркази тиҷоратӣ пурра нобуд шудаанд», - гуфтанд дар ВКД.
Ба иттилои манбаъ, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, хисороти моддӣ аз сӯхтор 800 ҳазор сомонӣ (беш аз 168 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешаванд.




“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста