Ба яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода шуд, ки бар асари он ду нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шоми 24-уми октябр ду нафари ниқобпӯш ба нуқтаи мубдилаи асъори начандон дуртар аз бозори Шоҳмансур ворид шуда, бо таҳдид тавассути таппончаи Макаров кӯшиши ғорати нуқтаи мубодилаи асъорро кардаанд.
«Аммо соҳиби нуқтаи мубодилаи асъор Н.Н.-и 54-сола ва писарони ӯ ба онҳо муқобилат нишон додаанд, ки дар натиҷа яке аз писарон аз пои чап ва писари дигарӣ аз дасту қафаси сина ва сар ҷароҳат бардоштаанд», - гуфтанд дар вазорат.
Зикр гардид, ки писарони соҳиби нуқтаи мубодилаи асъор ба беморхона бистарӣ шуданд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон ҷиҳати ошкор сохтан ва боздошти ҷинояткорон чораҳои фавриву ҷустуҷӯйӣ андешида мешаванд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста