Шурўъ аз 11-уми март бориши бошиддати барф дар аксари манотиқи кишвар ба мушоҳида мерасад, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард мушкилот пеш овардааст.
Тавре аз филиали ширкати Innovative road solutions (IRS), ки ба идораи зербинои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ машғул аст, аз ҷумла, дар роҳи автомобилгарди мазкур низ бориши барф бошиддат идома дошта, ғафсии сатҳи он дар қитъаи аз километри 10-ум то 37-ум 12-15 сантиметр, аз километри 37-ум то 62-юм 25-35 сантиметр, аз мавзеи Майхўра то километри 73-юм 55-60 сантиметр, минтақаи Зарафшон 12-15 ва минтақаи Суғд 10-12 сантиметрро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, имрўз аз субҳи барвақт тамоми техникаҳои дар ихтиёри минтақаҳои зертобеи Филиал қарордошта, барои тоза кардани барф сафарбар гардиданд.
Гуфта мешавад, бориши шадиди барф боиси зиёдшавии ҳодисаҳои тармафароӣ гардидааст. То ин вақт тармаҳои хурду бузург дар километрҳои 48, 50, 54, 59, 63, 68, 70, 71 ва 72-юм ба қайд гирифт шудаанд. Дар бартараф кардани оқибатҳои тармафароӣ дар қитъаи аз километри 10 то 37-ум 2 адад автогрейдер ва 2 адад техникаи гуногункора, дар қитъаи аз километри 43-юм то мавзеи Майхўра 2 адад боркунаки фронталӣ, аз Майхўра то саршавии нақби Истиқлол 2 адад боркунаки фронталӣ, минтақаи Зарафшон 2 адад боркунаки фронталӣ ва 2 адад автогрейдер, дар минтақаи Суғд 2 адад боркунаки фронталӣ ва 2 адад автогрейдер ҷалб карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар минтақаи Варзоб дар қитъаҳои алоҳида тармафароии такрорӣ ба амал омада истодааст. Айни ҳол коргарони роҳ бо истифода аз техника машғули тоза кардани роҳ аз барфу тарма мебошанд. Хавфи тармафароӣ боқӣ мемонад.
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Дар фасли баҳор Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 млрд метри мукааб об мегирад
Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки аз ҷанги доманадор дар Ховари Миёна пешгирӣ карда шавад
Баъди 11 сол. Боз марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба хотир оварданд
Писар ба ҷои падар. Мавъизаи писари муфтии Тоҷикистон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва масъалаҳои динӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста