Ҳаҷми умумии зараре, ки дар натиҷаи сӯхтор ба бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа расонида шуд, тахминан 312 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Муовини директори бозори «Фаровон» Ҳайдар Шерхонов дар ҷамъи рӯзноманигорон гуфт, бар асари сӯхтор, ки шаби 13-уми март ба вуқӯъ пайваст, 83 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафтаанд.

«Дар давоми рӯз мо ҳамаи соҳибкорони зарардидаро пурсида, зарари тахминиро муайян кардем. Он 312 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он 110 ҳазор сомонӣ зарар ба худи бино ва боқимонда ба молҳои соҳибкорон аст», - зикр кард Шерхонов.

Ба суол дар бораи шикояти оташнишонон нисбат ба талаботи зиддисӯхтор ҷавобгӯ набудани бозор ва баста будани гузаргоҳҳо ба нуқтаҳои фурӯш, муовини директори бозор посух дод, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте ба вуҷуд наомада, бозор ба тамоми меъёрҳо мутобиқат мекунад.

«Як ҳафта пеш намояндагони хадамоти оташнишонӣ тамоми нуқтаҳои фурӯшу мағозаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи автомобил ба дохили бозорро мавриди санҷиш қарор дода, баъзе эродҳои начандон назаррас гирифтанд, ки мо дарҳол онҳоро бартараф сохтем», - иброз дошт ӯ.

Номбурда афзуд, то замони барқарор кардани мағозаҳои сӯхта осебдидагон муваққатан бо дигар нуқтаҳои фурӯш таъмин гардида, метавонанд ба кори худ идома диҳанд.