Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия омодагии худро ба кумак дар пешгирии обхезиҳо ба сокинони Кӯлоб изҳор карданд.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи таъминоти иттилоотии Ҳавзаи низомии марказӣ подполковник Евгений Мешков, бо ин мақсад дар шаҳраки низомии Кӯлоб як гуруҳи махсус оид ба пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои обхезиҳо таъсис дод шуда, ба ҳайати он хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои муҳандисӣ шомиланд ва гуруҳ бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст.
«Расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолӣ зимни рух додани ҳолатҳои фавқулода, андешидани чораҳои пешгириву огоҳкунӣ ва бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ аз ҷумлаи вазифаи асосии гуруҳи махсус аст», - гуфт Е.Мешков.
Ба қавли вай, ин вазифаҳоро низомиён дар ҳамдастӣ бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ва дигар мақомоти дахлдори кишвар ба иҷро хоҳанд расонид.
Номбурда ҳамчунин гуфт, дар машварати махсус фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия Сергей Рюмшин изҳор кардааст, ки барои роҳ надодан ба ҳодисаҳои фоҷеабори монанд ба моҳи майи соли 2010, ки бар асари он аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаву садҳо манзили зист пурра хароб гардида буданд, низомиён омодаанд дар мубориза бо офат ба сокинони Кӯлоб ҳамаҷониба дасти ёрӣ дароз кунанд. «Пойгоҳи низомии Русия ба расонидани кумаки зарурӣ баҳри наҷоти ҳаёти мардум омода аст», - таъкид кардааст С.Рюмшин.
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Дар фасли баҳор Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 млрд метри мукааб об мегирад
Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки аз ҷанги доманадор дар Ховари Миёна пешгирӣ карда шавад
Баъди 11 сол. Боз марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба хотир оварданд
Писар ба ҷои падар. Мавъизаи писари муфтии Тоҷикистон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва масъалаҳои динӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста