Корманди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, майори милиса Кенҷа Нуруллоев аз зарбаи ноқили барқ ҳалок шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, субҳи рӯзи 8-уми май ҳангоми сафороии умумии кормандони раёсат ба ҳавлии он барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ як крани борбардор ворид мешавад.
«Кран тасодуфан ба сими барқ расида, он канда мешавад ва ба болои кормандони милиса меафтад. Дар натиҷа аз зарбаи барқ майори милиса Кенҷа Нуруллоев ба ҳалокат расида, боз ду нафар кормандони дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил мешаванд», - гуфт манбаъ.
Тибқи баъзе маълумот, вазъи саломатии кормандони ба бемористон бистаришуда вазнин арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи ҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 7-уми май зимни баргузории корҳои таъмирӣ дар шабакаҳои барқӣ корманди филиали ширкати «Барқи тоҷик» дар Конибодом Раҳимҷон Мардонов низ ба ҳалокат расидааст.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста