Рӯзи 10-уми августи соли равон, тахминан соатҳои 2-и шаб қароргоҳи бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи шахси номаълум бо пош додани маводи сӯхт (бензин) ба тирезаҳои берунии ҳуҷра оташ зада шуд.
Тавре дар сомонаи расмии ХНИТ хабар дода мешавад, хушбахтона, оташ қисмате аз тирезаҳои пластикиро сӯзонда, ба дохили ҳуҷра паҳн нашудааст. Бо дастури сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат генерал Мансур Бухориев масъулини тафтишотӣ ва умури ҷиноии шӯъбаи мазкур ба тафтиши қазия пардохтанд.
Дар иттилои интишоргардида дар сомона ба ҳодисаи мавриди тирпарронӣ қарор гирифтани қароргоҳи ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ зимни амалиёти низомии сохторҳои ҳукуматӣ ишора меравад.
«Онҳо ба қароргоҳи ҳизб омада, дашномҳои қабеҳро дар ҳаққи бародарон ва хоҳарони ҳизбӣ гуфтанд ва бинобар ин, нафаре имрӯзҳо ба идораи ҳизб намеояд, зеро эҳсоси тарс ҳаст», - мегӯяд яке аз роҳбарони ҳизб Маҳмадалии Ҳаит.
Ғайр аз ин, аз сӯхтори 25-уми октябри соли 2010 дар маркази фарҳангии занонаи ҳизб, ки дар қароргоҳи марказии ҲНИТ қарор дошт, низ ёдоварӣ шуда, зикр мегардад, ки ду сол пеш маркази фарҳангии занонаи ҳизб, ки дар он занони фаъоли ҳизб намоз мехонданд, ба коми оташ рафта, пурра валангор шуда буд.
Он замон маҳз атрофи бинои ин марказ миёни Кумитаи умури дини назди ҳукумат ва мақомоти раҳбарии ҲНИТ баҳс ҷараён дошт. Кумитаи умури дин тавсия дода буд, ки дар ин марказ намоз гузорида нашавад, зеро он ба Қонуни ҶТ «Дар бораи дин ва иттиҳодияҳои динӣ» мухолиф аст. Қонуни мазкур ибодат дар биноҳои ташкилоту муассисаҳоро маҳдуд менамояд.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста