Бар асари сӯхтор дар манзили сокини деҳаи Чӯянчии ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ Мансур Шокиров, келини 23-солаи ӯ бо духтарчаи 2-солааш ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти прокуратураи ноҳияи Ғончӣ хабар доданд, дар натиҷаи сӯхтор қисмати манзиле, ки дар дар он модари ҷавон бо кӯдакаш зиндагонӣ мекардааст, пурра нобуд шудааст. Ҳамсари ӯ Бахтиёр Шокиров дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

«Натиҷаҳои ташхис ҳанӯз маълум нестанд, вале тибқи яке аз фарзияҳо, ҷавонзан ихтиёрӣ ба худсӯзӣ даст задааст», - гуфт сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки айни замони ташхиси кимиёвӣ ҷараён дошта, эҳтимоли дурустии фарзияи мазкурро муайян хоҳад кард. Тафтиши ҳодиса идома дорад.