Пас аз сӯхтори шаби гузашта бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ комилан хароб гардид.
Котиби матбуотии раиси ВМКБ Сабоҳат Маҳмадшоева ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои хомӯш кардани сӯхтор, ки соати 02:30 сар зад, аз Хоруғ ду дастаи оташинишонон сафарбар шуда буданд. «Дар роҳ яке аз автомашинаҳои сӯхторнишинон ба садама дучор гардида, ду нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ ҳалок ва ду нафари дигарашон дар бемористон бистарӣ шуданд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Маҳмадшоева, раиси вилоят Шодихон Ҷамшедов соати сеи шаб ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, роҳбарии комиссияи вилоятӣ оид ба ошкор кардани сабабҳои сар задани сӯхторро ба уҳда гирифт.
Зимнан зикр гардид, ки субҳи имрӯз кормандони ҳукумати ноҳияи Роштқалъа дар биноҳои шуъбаи маориф ва шуъбаи кор бо собиқадорон ҷойгир карду шуда, бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста