Бо супориши вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов дар мавриди маълумоти имрӯз дар чанде аз ВАО интишоршуда оид ба садамаи нақлиёт бо иштироки афсари Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ)-и ВКД санҷиш гузаронида шуд.
Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки садамаи нақлиёт ҳангоми автомашинаро ба самти қафо рондани афсари ДТММ-и ВКД рух дода, қисмати қафои автомашина каме ба зани 50-сола, омӯзгори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт, ки дар канори роҳ қарор доштаааст, бархӯрдааст.
«Зан ба ҷуйи обпартои канори роҳ афтода, каме осори харошида бардоштааст. Афсари дар сари чамбараки автомашина қарордошта дарҳол ӯро ба Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бурда, дар он ҷо ба ӯ кӯмаки аввалияи тиббӣ расонидаанд. Сипас ӯро ба хонааш ҷавоб додаанд, зеро барои бистарӣ карданаш зарурате набудааст», - зикр кард М.Асадуллоев.
Дар идома ӯ изҳор кард, ки ба гуфтаи табибони Маркази миллии тиббӣ ва худи зани ҷабрдида дар садама, афсари ДТММ сархуш набудааст.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари маркази матбуоти ВКД аз ифшои ному насаб ва суроғаи зани ҷабрдида худдорӣ варзида, иброз дошт, ки зани ҷабрдида ба ифшои ин маълумот хоҳиш надорад.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл бо истинод ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» хабар дода будем, ки афсари Дастаи таъиноти махсуси милисаи ВКД ҶТ рӯзи 5-уми сентябр пас аз таҷлили ҷашни 18-умин солгарди таъсиси ДТММ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рух додани ҳодисаи садамаи нақлиёт боис гардид.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста