Бар асари садамаҳои нақлиёт, ки давоми рӯзҳои 21-22-юми август дар қаламрави кишвар рух доданд, 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 21-уми август дар қаламрави деҳоти Гулови ноҳияи Бохтар ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Далер Бобоҷонови 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш Мавҷинисо Азизоваи 55-соларо зер мекунад, ки аз ҷароҳатҳои бардошта ҷабрдида дар бемористон ба ҳклокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз дар қаламрави деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи автомашинаи «Хундай-Старекс» Исмоил Азимови 29-сола бо автомашинааш сокини 29-солаи ноҳияи Муъминобод Баҳром Табаровро пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар роҳ ба бемористон фавтидааст.

Рӯзи 22-юми август ронадаи автомашинаи «Фолксваген-Галф», сокини 23-солаи шаҳри Душанбе Паровиз Ашӯров дар километри 88-уми деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар бо автомашинааш ноболиғ Мустафо Сафеви 4-соларо зер мекунад, ки аз ҷароҳатҳои бардошта кӯдак дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз дар километри 35-уми ноҳияи Файзобод ронандаи мотороллери «Скутер», сокини 32-солаи ноҳияи Ванҷ ба самти муқобили ҳаракат баромада ба автомашинаи тамғаи «Хафей» таҳти идораи Маннон Ҷалолови 62-сола бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи мотороллер аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон фавтидааст.