Имрӯз дар назди вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомот ҷаласа доир гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ матраҳ гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар рафти ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ, фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷалобӣ, ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахонаҳо, назорати пули асъори миллӣ, дуздии қувваи барқ, порагирӣ, тамаъҷӯӣ, ҷинояткории ноболиғону ҷавонон ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, зимни ҷаласа вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати таъсис додани ситодҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва ҳодисаҳои табиӣ, ҳамчунин, доир ба ободонию сабзазоркунии гирду атрофи биноҳои маъмурию хизматӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.