Аз рӯйи далели марги корманди шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии мақомоти шаҳрдории Душанбе Саидраҳмон Шприфови 36-сола, ки ҷасадаш рӯзи 4 июн дар манзили зист, дар зодгоҳаш ноҳияи Тавилдара дар дор овехта дарёфт шуд, ду фарзия мавриди баррасӣ қарор дорад, ки яке ба худкушӣ даст задани ӯ ва дигаре кушта шудани ин корманд аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, марҳум ҳамчун ҳуқуқшиноси касбӣ миёни ҳамкорон обрӯву нуфуз дошт.

«Мегӯянд, ки ӯ аз баъзе касон хеле зиёд қарздор буда, ба баргардонидани онҳо имкон надоштааст ва бо ҳамин сабаб ба худкушӣ даст задааст. Муфаттишон ҳамчунин фарзияи кушта шудани ӯро низ баррасӣ доранд», - қайд кард манбаъ.