Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дод, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Ҷӯрақулов ҳалок шуд.

Аз Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нимаи дуюми рӯз ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Варзоб ба Душанбе дар автомашинаи шахсии худ, дар километри 30-юми роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд Ҷӯрақулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба нақлиёти боркаши «Дулан бармехӯрад, ки дар натиҷа Ҷӯрақулов ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Маҳмадсаид Ҷӯрақулов моҳи январи соли ҷорӣ ба нафақа баромада, давоми солҳои 2004-2005 ба ҳайси муовини вазири корҳои дохилӣ, сипас сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ифои вазифа намуда, то ба нафақа рафтанаш ба намояндагии Интерпол дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.