Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ҷасадҳои як зан ва ду фарзанди ӯро ҷустуҷӯ доранд, ки шоми рӯзи 30 июн бар асари садамаи нақлиёт дар километри 95-уми роҳи мошингарди Хуҷанд - Душанбе ба ҳалокат расидаанд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шоми ҳамон рӯз ронандаи автомашаинаи тамғаи «Мерседес», сокини 27-солаи шаҳри Турсунзода Баҳриддин Сатторов ҳангоми ҳаракат дар ин роҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина нахуст ба ҷарӣ ва сипас ба рӯдхонаи Фондарё сарозер рафтааст.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари ин садама сокини 29-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Гулҷаҳон Ҳусейнова, писари 4-сола ва духтари 2-солаи ӯ ҳалок шуда, ҳамсар ва падари фарзандон Азизмурод Ҳусейнови 30-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин садамаи нақлиёт ронандаи автомашина осеб надидааст.