Ғаввосони (водолаз) тамоми ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) дар тамоми минтақаҳо ба реҷаи шабонарӯзии хидмат гузаронида шудаанд.

Сухангӯи Кумита Ориф Нозимов ба Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки инро боис хабари обуҳавосанҷон аст, ки  тибқи маълумоти онҳо интизор меравад,  аз якум то 7 июл дар  кишвар ҳарорати ҳаво ва сатҳи оби дарёҳои Вахш, Панҷ, Бартанг, Варзоб, Зарафшон ва дигар дарёҳо якбора баланд шаванд.

Тибқи пешгӯиҳои обуҳавошиносони тоҷик, ҳарорати ҳаво дар аксарияти навоҳии ҷумҳурӣ ба  7 то 12 дараҷа гармӣ зиёд мешавад. Ҳамин тариқ, дар Шаҳритӯс, Кубодиён, Ҷилликул, Панҷи поён ҳарорати ҳаво то 45-47 дараҷа гармӣ мерасад.

КҲФ аз сокинону меҳмонони кишвар хоҳиш дорад аснои оббозӣ дар дарёҳо, кулҳо ва нархҳо эҳтиёткор бошанд. Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 57 шаҳрванди кишвар аснои оббозӣ ғарқ шудаанд.