Дар пайи омадани сели харобиовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16 июл беш аз 39 манзили сокинони ҷамоати деҳоти Сӯчон пурра ва даҳҳо хонаи дигар қисман вайрон шудааст.
Мақомоти вилояти Бадахшон ба радиои Озодӣ гуфтаанд, ки барои ёрӣ ба осебдидагони сел дар ноҳияи Шуғнон се чархбол - як чархболи Бунёди Оқохон ва ду чархболи ҳукумат - хидмат мекунанд. Нуралӣ Риёев, муовини раиси изҳор доштааст, ки, дар маҳалҳои селзада аз 40 то 50 ҳазор нафар ба сар мебаранд ва онҳо бо ёрии ин чархболҳо тавонистаанд, ки гурӯҳе аз мардумро ба ҷойи амн кӯчонда, ҳамин тавр, аз талафоти ҷонӣ пешгирӣ кунанд.
Азиз Гиёев, раиси ноҳияи Шуғнон иттилоъ додаст, ки чор купрӯк, ду километр роҳи мошингард ва дуним километр хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ҳам тахриб шудааст. Об яке аз пулҳои мошингард, ки роҳро ба деҳаи Барсем мепайваст, шуста дар миёни дарё қарор дод ва дар натиҷа, як садди сунъӣ ба вуҷуд омада дар муддати кӯтоҳ кӯле ба дарозии 1,5 километр дар ин дарё пайдо шуд. Ҳамчунин, оби рӯди Ғунд купрӯки мошингузареро, ки роҳро ба сӯи Мурғоб мепайваст, пурра вайрон кардааст», - гуфтааст ӯ.
Абдулло Амонбеков - сухангӯи "Помир Энержӣ" низ хароб шудани хатҳои интиқоли нерӯи барқро тасдиқ ва аз оғози корҳои барқарорсозии онҳо хабар додааст. «Дар ҳоли ҳозир нерӯгоҳи "Помир 1" фаъол аст, аммо бинобар хароб шудани хатҳои интиқоли барқ нерӯ то ба шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшон, намерасад», - иброз доштааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони рустои Барсем дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки оби бисёр дар поёни деҳаи онҳо сангу чӯб ва лойро дар як ҷо ҷамъ оварда, обанбори сунъӣ сохтааст, ки дар сурати рахна шуданаш метавонад маҳаллаҳои поёнобро зер кунад. Сокинони деҳаи Бердибекободи ноҳияи Шуғнон ҳам изҳор доштаанд, ки шабро дар болои кӯҳ рӯз карда ва бо чашмони худ диданд, ки чигуна об манзили онҳоро вайрон кардааст.
Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон гуфтааст, комиссияи махсус баъд аз омӯзиши ин вазъ маълум кардааст, ки сел бар асари гармои шадид ва об шудани пиряхҳо омадааст.
Гуфта мешавад, феълан раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов, раисони навоҳии Бадахшон ва намояндаи дастгоҳи раисиҷумҳур дар ҷойи ҳодиса мебошанд.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста