Ходими дини ҷавони тоҷик, олим дар бахши омӯзиши дини ислом Хайриддини Абдулло (Достаков) бо ҷароҳатҳо аз корд дар бемористони ба номи Склифосовскийи шаҳри Маскав бистарӣ шуд.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, шоми рӯзи 7 август ба номбурда дар наздики метрои "Рязанский проспект" - и шаҳри Маскав, ки дар ин минтака манзили зисти ӯст, чанд нафари ношинос дарафтодаанд ва бо захми чанд корд ӯро аз по афтондаанд.

«Масъулини сафорат чанд маротиб дар бемористон буданд ва бо духтури навбатдор Андрей Пивень суҳбат доштанд. Вазъи Хайриддин, ки шахсони номаълум ӯро чанд корд задаанд, то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад. Аммо ҳангоми суҳбати ахир духтури навбатдор ба ман гуфт, Хайриддин бахуд омадааст, ки ин як шуълаи умед аст барои шифо ёфтанаш»,- иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, масъули сафорат ҳамчунин бо мақомоти пулиси Маскав низ мулоқот дошта, тақозо намудааст, ки ҳарчи зудтар таҳқиқоти ин қазияро ба анҷом бирасонад, гунаҳкорони ин суиқасдро дастгир ва муҷозот намояд.

Зимнан зикр гардид, ки Хайриддини Абдуллоҳ ё Мулло Хайриддин нафари аз дониши хуби исломӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ бархурдор аст. Нафарест, ки солҳост дар миёни ҷавонону наврасон дар мавриди исломи анъанавӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳанги таҳаммулпарварии исломӣ суҳбатҳо мекунад ва ба ҳамешагӣ алайҳи равияву гурӯҳҳои ифротиву радикалӣ, ки Исломро бадном мекунанд, садо баланд менамояд.