Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзҳои 4-5 июл аз вилояти Суғд боздид намуда, бо ҷараёни корҳо оид ба рафъи оқибатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳии ин минтақа шинос шуд.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар шаҳри Панҷакент Қоҳир Расулзода бо рафти сохтмони хонаҳои нав барои аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ҷамоати Халифа Ҳасан аз наздик ошно гардид.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем , бар асари боришоти шадиди нимаи моҳи май дар ин ҷамоат беш аз 15 манзили зист пурра ва қисман хароб гардида, ба хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент зиёни назаррас расида буд.
Бо дастури президенти мамлакат сохтмони манзилҳои нав барои сокинони аз офати табиӣ осебдида бояд то 1 августи соли равон ба итмом расад.
Дар ҷараёни сафар нахуствазири кишвар ҳамчунин бо рафти корҳои бартараф намудани оқибатхои офати табиӣ дар чанде аз деҳаҳои ноҳияи Ашт ва Айнӣ низ шинос шуд.
Қоҳир Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки дар ҳалли мушкилот ба сокинони осебдида дасти мадад дароз намуда, аз онҳо иҷрои саривақтии корҳои рафъи оқибатҳои табииро мутобиқи нақшаву лоиҳаҳои мукарраршуда тақозо намуд.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста