Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14-15 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид дар назар буда, борони шадиди сел, раъду барқ ва пурзӯр шудани вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония пешбинӣ мешавад.
Корманди маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни раъду барқ осеб дидани иншооте имконпазирмебошад, ки бо таҷҳизоти ҳифз аз оташак (молния)-и раъду барқ таъмин нестанд.
«Ҳангоми вазидани шамоли сахт имкони хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтодани дарахтҳо, сохторҳои бузургҳаҷми рекламавии номустаҳкам низ вуҷуд дошта, ба осеб дидани воситаҳои нақлиёт, афзоиши ҳодисаҳои ҷароҳатбардорӣ миёни аҳолӣ боис шуда метавонанд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин робита Кумита аз шаҳрвандони кишвар ва меҳмонон дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо ба хотири эҳтиёт ва таъмини амнияту бехатарии худ ба тавсияҳои зерин риоя кунанд:
- пӯшидани тирезаҳо зимни аз хона бадар шудан;
- мувофиқи имкон дар гараж гузоштани автомашина ва дар сурати мавҷуд набудани он, гузоштани воситаи нақлиёт дуртар аз дарахтҳо ва сохторҳои номустаҳкам;
- гаштугузори дуртар аз назди панҷараи лавҳаҳои рекламавӣ ва сохторҳои ҷунбону ноустувор.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста