Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар шарҳи пешгӯии ҳамтоҳои қирғизи худ изҳор намуд, ки аз оғози соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 11 ҳазор ҳодисаҳои заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми соли 2015 ин рақам дар маҷмӯъ 26 ҳазор ҳодисаро ташкил додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар минтақаи аз нигоҳи сейсмикӣ хатарнок қарор дошта, қишри замин доимо дар ҳаракат аст, вале ҳеҷ кас айни замон вақти саҳеҳи заминларзаро муайян карда наметавонад. «Агар ин имконпазир мебуд, заминларзаҳоеро, ки ба харобиҳои зиёд ва талафотҳои бешумори ҷонӣ боис гардиданд, пешгӯи мекарданд», - гуфт Ф.Раҳимӣ.
Номбурда зикр кард, ки чунин пешгӯиҳо ҷуз ҳангома (сенсатсия) барпо кардан чизи дигаре беш нест. «Албатта, олимони бахши зилзилашинсоии мо кор мекунанд ва натиҷаҳои хубе ҳам ба даст овардаанд, вале дар бораи чунин пешгӯиҳо ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст», - иброз дошт олим.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли ҷорӣ директори Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Қиғизистон Қанатбек Абдраҳматов зикр карда буд , ки солҳои 2015-2016 ба авҷи ҳодисаҳои заминларза рост меоянд.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста