Бар асари сӯхтор дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии "Абсолбют Агро"-и вилояти Тюмен 7 муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, шаш тани онҳо аз ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ин робита гуфтааст, бино ба гузориши мақомоти интизомии Русия се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳодиса заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Гуфта мешавад, бино ба фарзияи пешакии мақомоти Русия, сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада, дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бар асоси рӯйхате, ки мақомоти Русия ба сафорати Тоҷикистон пешниҳод карданд, синни муҳоҷирони ҳалокшуда аз 19 то 29 гуфта шудааст. Ҳамаи онҳо коргарони ширкати "Горизонт" буда, то нимаи аввали моҳи декабри имсол ҳаққи иқомат дар Русияро доштанд.

Рӯйхати нафарони ҳалокшуда:

1. Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович (1987), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

2. Рӯзиев Парвин Мӯсоҷонович, (1988), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

3. Шодиев Самариддин Фазлиддинович, (1989), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

4. Миров Мирсабур Мирсаидович, (1997), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

5. Нуров Қобилҷон Комилҷонович, (1994), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

6. Шарифов Олимҷон Шарифович, (1997), ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, нафари ҳафтум - Назаров Ф., соли таваллудаш 1994 - ҳамон шаб барои меҳмонӣ ба назди ҳамдеҳагонаш омада ва дар ин ҳодиса ҷон бохтааст.

Котиби матбуотии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ҷасади ҳалокшудагон дар ин ҳодиса рӯзи 23 ноябр ба вилояти Суғд интиқол дода мешавад.

Ному насаби се нафаре, ки дар бемористонанд:

Раҳмонов Мӯҳсинҷон Акбарович (1989),

Олимов Паредҷон Олимов (1989),

Қосимов Кароматулло (1993).