Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳодисаи таркиш назди истгоҳи метрои «Коломенская» дар шаҳри Маскав осеб дида буд, дар яке аз дармонгоҳҳо ҳалок шуд.

Бино ба иттилои Life бо истинод ба манбаъ дар дармонгоҳ, аз замони рух додани ҳодиса Азизбек Ҷалоови 29-сола дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор дошта, нимаи дуюми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаишуда фавтидааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 22 декабр дар қисмати ҷанубии истгоҳи метрои «Коломенская» замони хеле серодам будани истгоҳ ҳангоми иҷрои корҳои кафшергарӣ баллони газ таркида, бар асари он се нафар, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон низ осеби ҷиддӣ диданд.