Аввали моҳи феврал дар шаҳри Турсунзода ду нафар ҷавонон духтари 16-соларо ба қатл расониданд. Нахуст дар хулосаи мақомоти милитсия қайд гардида буд, ки духтар тариқи оташзанӣ даст ба худкушӣ задааст, вале дар ҷасади ӯ осори зиёди зарби корд вуҷуд дошт.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, қатли ваҳшиёнаи духтари 16-сола дар таърихи 2 феврали имсол баъди ду ҳафтаи рух доданаш аз забони додситони кулл Юсуф Раҳмон дар минбари Маҷлиси Миллӣ ҳамчун намунаи ҷинояти наврасон расонаӣ шуд.
Баъд аз он ки мақомоти интизомӣ марги духтарро худкушӣ сабт кардаанд, хешовандон ба додситонии кулл шикоят бурда ва хостаанд, қазия одилона таҳқиқ шавад ва гунаҳкорон ҷазо бигиранд.
Бархе дигар афроди огоҳ аз қазия он замон гуфтанд, азбаски наврасон аз кадом як хонаводаи сарватманд ва бонуфуз будаанд, талош кардаанд, то ҷиноят ошкор нашавад. Мақомот дар ин замина чизе нагуфтаанд ва ҳуввияти муттаҳамон ба ҷиноятро ҳам ошкор накардаанд. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ошкор кардани ному насаби ноболиғони гумонбар дар ҷиноят дар матбуот мамнӯъ аст.
Додситонии шаҳри Турсунзода мегӯяд, ки дар тафтиши пешакӣ маълум шуд, ки духтар қурбонии "моҷарои ошиқона" шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, робитаи ошиқонаи духтари 16-сола бо хонандаи синфи 11-и як мактаб баъдан ба ҷанҷол печидааст.
Ба гуфтаи Мирзошариф Шарифзода, сарпрокурори шаҳри Турсунзода гумонбар дар куштор – писарбачае будааст, ки дар мактабе таҳсил мекард, ки духтар то синфи 8-ум дар онҷо таҳсил кардааст.
“Духтар дар гуфтугӯҳои телефонӣ аз писар хоҳиш мекард, ки ба хонаи онҳо хостгор фиристад ва бо ӯ издивоҷ кунад, аммо писар дар посух гуфтааст, ки ҳоло талабаи мактаб аст ва баъди хатми мактаб дар ин бора фикр хоҳад кард”.
Духтар, эҳтимолан, бо андешаҳои ахлоқӣ ба писар гуфтааст, ки “муносибатҳои онҳоро ҳамаи мардуми деҳа медонанд, шармандагӣ аст ва духтар таҳдид мекунад, ки агар издивоҷ накунад, ба полис хабар медиҳад”. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон робитаи ҷинсӣ бо ноболиғон ҷиноят аст.
Ҷаноби Шарифзода мегӯяд, баъди таҳдиди духтар, "маъшуқи" ӯ дар фикри нобуд кардани духтар шуда ва бо машварат бо як ҳамсинфаш даст ба ҷиноят мезананд. Ба гуфтаи сарпрокурори шаҳри Турсунзода, ду гумонбари куштор аз рӯи боздошт шудаанд ва ба қатл муттаҳам мешаванд.