Дар як ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки нимаи дуюми рӯзи 11 март дар наздикии қаламрави қабристони ҷамоати Ромит рух дод, 8 нафар сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба ҳалокат расиданд.

Ҳодисаи фоҷеабор дар наздикии қабристон баъди маросими дафни як сокини шаҳри Ваҳдат рух додааст. Ҳудуди 25 нафар иштирокчиёни маросими ҷанозаву дафн барои бозгашт аз қабристон ба шаҳр ба автомашинаи тамғаи «ЗИЛ» савор шуда, дар нишебӣ тормозҳои он кор намекунанд ва мошин бо суръати баланд ба дарахт бармехӯрад.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа 6 нафар мусофирони автомашинаи мазкур, сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 13 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, пас аз чанд муддат, ду нафар ҷабрдидагон, дар беморхона ба ҳалокат расида, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.