Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 18 июн дар роҳи мошингарди Кӯлоб - Душанбе рух дод, 7 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб хабар дод, ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Восеъ рух додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи бархӯрди ду автомашинаи сабукрав 6 нафар дар ҷойи ҳодиса ва 1 нафари дигар дар бемористон ҳалок шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки 4 нафари фавтидагон сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва 3 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб буда, онҳо ҷавонони 20-24-сола будаанд. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқи мақомоти дахлдор қарор гирифтааст.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2016 бар асари ҳодисаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 555 нафар ба ҳалокат расидаанд.