Як муҳоҷири тоҷик, ки ба кӯчарӯбиву нигоҳубини гирду атрофи биноҳои истиқоматии шаҳри Маскав машғул буд, мавриди лату кӯби шадиди яке аз бошандагони ин манзилҳо гардид.

Бино ба маълумоти «Лента.ру», муҳоҷири тоҷик Маҳмадулло Давлатзодаро шавҳари як зане, ки ба муштзани маъруф Валуев шабоҳат доштаасту аз эроди Маҳмуд (Маҳмадулло) ба ин зан хашмгин шудааст, бераҳмона чандин маротиба лату кӯбу таҳқир кардааст.

Гуфта мешавад, сокинони манзилҳо ба ҳимояти муҳоҷири тоҷик бархоста, ҳуқуқшиноси яке аз фондҳои ҷамъиятӣ Ирина Бирюкова дар мавриди таҳқиқи ин ҳодиса ба мақомоти пулис ва Кумитаи тафтишоти Русия ариза додааст.

Дар ҳамин ҳол, шоми рӯзи 21 август сокинони манзилҳо хабар додаанд, ки марди муҳоҷирро латукӯбкарда аллакай ба бозпас гирифтани ариза, пардохти маблағи муолиҷаи ҷабрдида ва оштишавӣ бо ӯ омода аст. Имрӯз ҷиҳати оштӣ додани онҳо намояндагони ӯ ба бемористон назди Маҳмуд мераванд.

Акс аз «Коммерсантъ»