Рӯзи 28-уми июни соли 2018, соати 08:16-дақиқа, дар боми бинои тарабхонаи «Шукрона», мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Топаз», воқеъ дар кӯчаи А.Дониш 59-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, фавран ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор 12-адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон дар соати 08:20-дақиқа, маълум гашт, ки дар масоҳати 200 метри мураббаъ алангаи оташ болопӯши боми бинои тарабхонаи «Шукрона» ва ошёнаи 3-юми бинои онро фаро гирифта аст.

Дар натиҷаи амалиётҳои саривақтии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва кормандони милитсия сӯхтор дар масоҳати аввалааш соати 09:18-дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.


Ашёҳои дохилӣ бинои тарабхона, молу амволи шаҳрвандон ва хонаҳои истиқоматии гирду атрофи маҳалли ҳодиса аз тарафи оташнишонон эмин нигоҳ дошта шуданд.

Дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас ҷароҳат набардошта ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, таҳқиқи сӯхтор идома дошта, сабаб ва зарар муайян карда мешавад.