Ҳавопаймои хатсайри Маскав - Душанбе соати 19:30 аз фурудгоҳи Жуковский ба парвоз хеста, дар пайи латукӯби меҳмондор (стюардесса) аз ҷониби як мусофир маҷбур шуд ба фурудгоҳи Жуковский баргардад.

Бино ба иттилои расонаи мустақили «Ахбор», як мусофири ҷавон дар ҳоли зоҳиран бехудона дар дохили ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии” дод мезанад, ки ин ҳавопаймо метаркад. Ӯ мегӯяд, "дар инҷо шайтон ҳаст, магар шумо шайтонро намебинед. Ба гуфтаи мусофирон, ҷавоне, ки меҳмондорро латукӯб кард, бемори рӯҳӣ будааст. Ҳавопаймои "Уралские авиалинии” соати 20:40 дар фурудгоҳи Жуковский нишастааст.

Гуфта мешавад, қазия таҳти таҳқиқ қарор дорад. Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест. Мақомоти ширкати "Уралские авиалинии” ва фурудгоҳи Жуковский ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Бо истинод ба сомонаи flightstats.com, ки парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоиро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ мекунад, хабар дода мешавад, ки парвози Маскав - Душанбеи ширкати "Уралские авиалинии” бо дувуним соат таъхир – ба ҷои соати 01:20 соати 03:50 – ба фурудгоҳи Душанбе мерасад.

Бино ба охирин хабари расида аз фурудгоҳи "Жуковский", ҳавопаймои "Уралские авиалинии" дубора ба Душанбе парвоз кардааст, вале бидуни он мусофире, ки сабаби чунин саргардонӣ шуд.