Бар асари садмаи нақлиёт, ки дар километри 33-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух дод, ронанда ба ҳалокат расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Тахминан нимаи рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта автомашинаи тамғаи "Hyundai Sonata" ба пойдевори бетонӣ бархӯрда, дар натиҷа ронадаи автомашинаи сабукрав дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва мусофири он бо ҷароҳатҳо ба бемористон фиристода шудааст.

“Тибқи маълуомти пешакӣ, шояд сари чанбарак хоби ронада бурдааст”, - иттилоъ медиҳад дафари матбуоти IRS.

Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба пайвандону наздикони фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, ронандагонро ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даъват кардааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 10 декабр дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд боз як садамаи марговар ба вуқӯъ пайваст.

Дар қаламрави ҷамоати Такфони ноҳияи Айнӣ ронадаи автомашинаи боркаши Mercedes-Benz Atego аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо”, ки аз самти муқобил омада истода буд, бо мақсади ба автомашинаи боркаш барнахӯрдан, ба канори рости роҳ баромада, ба ҷарии чуқуриаш тахминан 100 метр чаппа шуда, пас аз он автомашинаи боркаш ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107” бархӯрдааст”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофири 52-солаи автомашинаи Musso дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронандаи 38-сола ва боз як мусофири дигари 24 -солаи он бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз оғози сол бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт беш аз 350 нафар ҳалок ва 1300 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.